МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. Агар телефони дастии довталаб хомӯш бошад, аз натиҷи озмуни тақсимоти асосӣ бехабар мемонад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имшаб, аз соати 00:00-и 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфти масъулини Маркази миллии тестӣ, имшаб ба тамоми довталабене, ки дар тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд паёмак ирсол мегардад. Дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ (агар телефонро баъдтар ҳам фаъол намояд) паёмак дастнорас мегардад, яъне намеравад. Дар ин маврид довталаб ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намуда, аз натиҷаи он бохабар мегардад.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Маълумоти бештарро метавон аз саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://ntc.tj/tj/ дастрас намуд.
Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо имшаб, 25 июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
АКС аз бойгонӣ








«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд






