Муфтиёти Доғистон муваққатан манъи пӯшидани ниқобро эълон намуд

Июль 3, 2024 16:05

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муфтиёти Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия то рафъи таҳдидҳо ва хулосаи нави Шурои уламо пӯшидани ниқоб (сатр, ҳиҷоб)-ро муваққатан манъ кард. Дар ин хусус муовини муфтии ҷумҳурӣ Абдулло Салимов изҳор доштааст, хабар медиҳад ТАСС.

Дар хабар, аз ҷумла гуфта мешавад, ки Муфтиёти Доғистон 2 июл, баъд аз хулосаи салоҳиятдори шуъбаи фатво то рафъи таҳдидҳои ошкоршуда ва хулосаи нави Шурои уламо пӯшидани ниқобро муваққатан манъ мекунад.

Қаблан роҳбари Доғистон Сергей Меликов зидди пӯшидани ниқоб баромад намуда, иброз дошт, ки ин навъи либос хоси мардуми Қавқоз нест.

Номбурда муносибати худро ба ин масъала шарҳ дода, аз ҷумла онро ба таъмини амният рабт дода, гуфт, ки чунин либосҳо «имкон медиҳад, то мардон дар зери ин гуна либос пинҳон шаванд ва занон дар зери ин навъи либос чизҳои мамнуъро интиқол диҳанд».

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 3, 2024 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид