Мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Чин такмили ихтисос намуданд
ДУШАНБЕ,04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Роҳбаладони авиатсияи гражании давлатҳои долони «Як камарбанд ва як роҳ», ки дар музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд, иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Давраи омӯзишӣ бо мақсади таъмини бехатарии парвоз ва риояи талаботи байналмилалӣ дар дохили ҳавопаймоҳҳо ва тарзи хизматрасонӣ ба мусофирон гузаронида шуда, дар он мутахассисони маъмуриятҳои авиатсионӣ ва роҳбаладони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Тоҷикистон, Сийера-Леоне, Уганда, Панама Ироқ, Непал, Камбоҷа ва Муғулистон иштирок намуданд.
Ба шунавандагони давраи омӯзишӣ, мутахассисони ботаҷриба ва баландихтисоси Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саняи музофоти Хайнан дар мавзуъҳои рушди авиатсияи гражданӣ дар Чин ва сохтори ҳушманди авиатсияи гражданӣ, идоракунии бехатарии авиатсионӣ, мусофиркашонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, бақайдгирӣ ва интиқоли бағоҷ, интиқоли борҳои хатарнок дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, одоби касбӣ ва хизматрасонии ҳайати парвозӣ, омӯзиши хизматрасонӣ ва маҳорати муошират, бехатарӣ дар дохили ҳавопаймо дар ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳолати парвоз омӯзиш гузарониданд.
Инчунин иштирокдорони давраи омӯзишӣ аз терминал ва ҳавопаймои таҷҳизонидашуда, биноҳои таълимии Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саняи музофоти Хайнани Чин боздид намуда, бо фаъолияти инфрасохторҳои авиатсионӣ шинос гардиданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






