Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд

Июль 13, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 июл намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати мубодилаи донишу таҷриба дар Гурҷистон ва Арманистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти молия  иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз ин чорабиниҳо шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷетӣ ва самараноки буҷети таҳсилоти Гурҷистон ва Арманистон мебошад.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар идораҳо иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки сиёсати молиявӣ аз қисмҳои таркибӣ ва асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳамеша такмил ва татбиқи таҷрибаи бешрафтаро тақозо менамояд. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз василаҳои муассири таҳия ва ҷорӣ намудани тарҳҳои натиҷабахши молиявӣ маҳсуб меёбад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид