Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд

Июль 11, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT)  дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода дар бахши муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ дар мавзуи «Нақши пайвастшавии усулҳои ҳушманди марбут ба иқлим ва савдои рақамӣ, инчунин долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди устувор» баромад намуда, зарурати такмили фаъолияти ҷории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро таъкид дошт.

Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Раиси Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар робита корҳои муштараки амалигардидаи минтақавӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо маълумот манзур намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсозии онҳоро бо меъёрҳои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) мувофиқи мақсад шуморид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад