Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода дар бахши муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ дар мавзуи «Нақши пайвастшавии усулҳои ҳушманди марбут ба иқлим ва савдои рақамӣ, инчунин долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди устувор» баромад намуда, зарурати такмили фаъолияти ҷории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро таъкид дошт.
Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Раиси Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар робита корҳои муштараки амалигардидаи минтақавӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо маълумот манзур намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсозии онҳоро бо меъёрҳои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) мувофиқи мақсад шуморид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






