НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 56 фоизро ташкил медиҳад

Июль 25, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 56 фоиз ва бахши аҳолӣ 44 фоизро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзии мамлакат баён намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 60,5 фоиз, вилояти Суғд 24,9 фисад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли картошка 267 ҳазору 111 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 5 ҳазору 601 тонна  ё 102,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ доданд, ки соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил менамояд, ки аз ин 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда машғул мебошанд. То нимаи моҳи июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 19 ҳазору 187 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 630 тонна кам мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст