НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи геология меафзояд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои омода шудани як нафар ҳамчун геологи ҳақиқӣ зиёда аз 15 сол лозим аст, то мутахассиси баландихтисос шавад. Ин матлабро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вобаста ба норасоии кардҳои соҳаи геологи дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки имрӯз баргузор шуд, баён дошт.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфт, ки дар нимсоли аввали соли равон 35 нафар донишҷӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Саридораи геология муроҷиат намуд, ки шумораи кам нест, аммо барои тайёр кардани онҳо ҳамчун мутахассиси баландихтисос вақт лозим аст.
Сардори Саридораи геологияи тоҷик гуфт, ки барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ онҳо мутахассисони хориҷиро ҷалб намекунанд. Дар маҷмуъ корҳои омӯзиши геологиро дар мамлакат ҷавонони Саридораи геология амалӣ менамоянд. Метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи ҷавонони барои геолог шудан ва дар геология кор кардан солҳои охир зиёд шудааст.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Саридораи геология ҷавонон барои таҳсил ва омӯзиш ба хориҷа сафарбар мегарданд. Онҳо дар хориҷи мамлакат ихтисосҳоеро мавриди таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд, ки ба геологияи ҷаҳонӣ ва самти рақамикунони соҳа равона гардидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар назди Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ҳамасола машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд






