НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи геология меафзояд

Июль 23, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои омода шудани як нафар ҳамчун геологи ҳақиқӣ зиёда аз 15 сол лозим аст, то мутахассиси баландихтисос шавад. Ин матлабро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вобаста ба норасоии кардҳои соҳаи геологи дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки имрӯз баргузор шуд, баён дошт.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфт, ки дар нимсоли аввали соли равон 35 нафар донишҷӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Саридораи геология муроҷиат намуд, ки шумораи кам нест, аммо барои тайёр кардани онҳо ҳамчун мутахассиси баландихтисос вақт лозим аст.

Сардори Саридораи геологияи тоҷик гуфт, ки барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ онҳо мутахассисони хориҷиро ҷалб намекунанд. Дар маҷмуъ корҳои омӯзиши геологиро дар мамлакат ҷавонони Саридораи геология амалӣ менамоянд. Метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи ҷавонони барои геолог шудан ва дар геология кор кардан солҳои охир зиёд шудааст.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Саридораи геология ҷавонон барои таҳсил ва омӯзиш ба хориҷа сафарбар мегарданд. Онҳо дар хориҷи мамлакат ихтисосҳоеро мавриди таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд, ки ба геологияи ҷаҳонӣ ва самти рақамикунони соҳа равона гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар назди Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ҳамасола машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад