Операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт

Июль 4, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Адҳам Холиқов Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1970, Консерваторияи давлатии шаҳри Москваро соли 1979 хатм карда, солҳои 1970—1980 сарояндаи ансамбли «Красная звезда»-и шаҳри Москва, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Маҳорати сарояндагии хешро дар Академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Адҳам Холиқов  маҳорати баланди сарояндагӣ  дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷиро дошт. Бо иштироки ин овозхони хушсалиқа  дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.

Дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб бозидааст. Дар 30 спектакли операвӣ нақш офаридааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 4, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст