Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Хадамоти алоқа, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ соати 08:00 (бинои нави Хадамоти алоқа, ошёнаи 2) баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон соати 09:00 дар Вазорати нақлиёт доир мегардад.
Дар Кумитаи бехатарии озукаворӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






