Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд

Июль 1, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии худ медонад” — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Таъкид гардид, ки давоми 30 соли ҳамкории пурсамар портфели маблағгузории Бонк аз Ассастсиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар маҷмуъ беш аз 190 лоиҳаро бо маблағи умумии зиёда аз 3,2 миллиард доллар дар бар мегирад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва хавфҳои афзоишёбанда ба робитаҳои тиҷоратӣ дар бозорҳои ҷаҳониро муҳокима намуданд.

Дар ин зимн тобовар намудани иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот тақозои замон номида шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, энергетикӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторию коммуникатсионӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид.

Пешбурди иқтисоди сабз, истеҳсоли “неруи сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” аз мавзуъҳои дигар ва муҳими вохӯрӣ буд.

Дар идомаи суҳбат Президенти кишвар бо истифода аз ҳузури хонум Шейхроуху, алоқамандии Тоҷикистонро ба истифодаи фаъоли имкониятҳои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ иброз намуданд.

Густариши муносибатҳо бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ҷиҳати инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву бахшҳои воқеии итисодиёт, соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша сурат гирифт.

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроуху 01.07.2024

Июль 1, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд