Сарвазири Покистон бо сафири Тоҷикистон мулоқот анҷом дод

Июль 27, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод Юсуф Шарифзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат Шаҳбоз Шариф аз сафари расмиаш ба Душанбе ёдовар шуда, аз истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Сарвазири Покистон бо изҳори қаноатмандӣ аз тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни сафар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки пайгирӣ ва иҷрои саривақтии ин санадҳо равобити дуҷонибаро боз ҳам тақвият медиҳад.

Ҳамсуҳбатон ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, кишоварзӣ, мудофиа ва тавсеаи роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба рушди коммуникатсия, аз ҷумла CASA-1000 баррасӣ шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд