Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom», ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
Дар намоишгоҳ Гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






