Шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз соҳиби бинои замонавӣ шуд
ХОРУҒ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бинои нави шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи минтақавии Сағирдашт мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Сохтмони бинои дуошёна дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланди меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шуд.
Барои сохтмони бинои таваллудхона, 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бинокор» дар муддати кутоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи хизматрасонии муосири тиббӣ онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои таваллудхона дорои ҳуҷраҳои эҳё, модару кӯдак, ошхона, инчунин утоқҳои дигари ёрирасон иборат буда, бо рахти хоб, таҷҳизоти корӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошанд.
Ба гуфтаи сардухтури Беморхонаи минтақавӣ Рустам Қодиров, «дар гузашта онҳо дар як бинои кӯҳнаву фарсуда, ки солҳои шастуми асри гузашта бунёд шуда буд, фаъолият мекарданд, ки ба ягон талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Кати шикаставу таҷҳизоти куҳнаи тиббӣ дошт. Аз ин рӯ ҳам табибон ва ҳам беморон бо мушкилоти зиёди тиббию маишӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Аммо бинои нав аз таваллудхонаҳои шаҳрӣ ҳеҷ фарқе надорад. Дорои 24 кати хоб аст ва барои бистарикунонии занони қобили таваллуд ҳамагуна шароит муҳайё шудааст».
Лоиҳаи сохтмони таваллудхонаи Ҷамоати деҳоти Сағирдашт кумаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар амал татбиқ гардид.
Дар ифтитоҳи бино Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок намуда, бо табибону кормандони техникӣ ва сокинони ҷамоати деҳот мулоқоту суҳбат анҷом доданд.
Ҳайати 30 — нафараи кормандони Беморхонаи минтақавии Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои соҳиби чунин бинои муҳташам бо шароити сатҳи баланд гардиданд ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипос баён намуданд.
Дар шуъбаи таваллудхона 7 нафар табибу ҳамшираи шафқат фаъолият дошта, ба 5 ҳазору 500 нафар сокини Ҷамоати деҳоти Сағирдашт хизмати тиббӣ мерасонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






