СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо соҳибкорон, фаъолзанон ва раисони кумитаҳои маҳаллии шаҳр аз ҳисоби занон вохӯрии судманд доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғиби либоси миллӣ, ҳамзамон риоя ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу баррасӣ гардиданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода соҳибкорзанонро даъват намуд, ки ба фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни дигар соҳибкорзанони бозорҳои шаҳри Кӯлоб пурзӯр намоянд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе занон вақти пурқимати худро, ки бояд сарфи тарбияи фарзандон гардад, зоеъ мегузаронанд ва нисбат ба тарбияи кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир карда, аз оқибати он андеша наменамоянд.
«Аз ин рӯ хоҳиш карда мешавад, ки дар тарбияи насли наврас хусусан модарон саҳми назаррас гузоранд»,- афзуд Арафамо Даминзода.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки модарон бояд дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва риоя намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд, зеро ин ҳама дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ кумак расонида, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донистани таърих ва урфу одатҳои тоҷикона тарбия намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






