Соли равон дар Суғд ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст

Июль 27, 2024 11:36

СУҒД, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 миллиарду 343 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят, истеҳсоли сабзавот 95 ҳазору 117 тонна, аз ҷумла пиёз 37 ҳазору 415 тонна, картошка 55 ҳазору 559 тонна, полезӣ 17 ҳазору 496,7 тонна, мевагиҳо 110 ҳазору 963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103 ҳазору 947,8 тонна, зироати хӯроки чорво 81 ҳазору 750,8 тонна, гӯшти чорвою паранда 32 ҳазору 353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8 ҳазору 401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149 ҳазору 750,6 тонна, тухм 339,6 миллион дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1 ҳазору 401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст.

Гуфта шуд, ки соли равон тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят, дар майдони 282 ҳазору 574,7 гектар замин кишти зироат гузаронида шудааст. Дар ин давра кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд.

Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 миллиарду 343 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.

Таъкид шуд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархи бозори истеъмолӣ 27 маротиба намоиш гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 4 ҳазору 809,7 тонна маҳсулот, 1 миллиону 808,4 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.

Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ маълумот дода, таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳо таъмин шуда истодааст.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 27, 2024 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд