Соли равон дар вилояти Суғд 55559 тонна картошка ва 37415 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст

Июль 12, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 июли соли 2024, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 5 млрд. 343,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи соли 2024, ки 11 июли соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, соли равон тибқи структураи кишти тасдиқгардида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282574,7 гектар замин кишти зироат гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119163,0 гектар, аз ҷумла гандум 54108,6 гектар, ҷав 48248,1 гектар, шолӣ 9593,7 гектар, лӯбиёгиҳо 4730,8 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6684,1 гектар, картошка 28880,6 гектар, сабзавот 18525,3 гектар, аз ҷумла пиёз 4834,1 гектар, полезиҳо 5565,7 гектар ва зироати хўроки чорво 45907,1 гектарро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли равон дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95117,3 тонна, аз ҷумла пиёз 37415 тонна, картошка 55559 тонна, полезӣ 17496,7 тонна, мевагиҳо 110963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103947,8 тонна, зироати хӯроки чорво 81750,8 тонна, гўшти чорвою паранда 32353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149750,6 тонна, тухм 339,6 млн. дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 12, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид