«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
ДУШАНБЕ. 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 июни соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, аз ҷумла масъалаи «Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз таҳияи Стратегия ин амалисозии принсипҳои идоракунии стратегӣ ва менеҷменти сифат дар фаъолияти донишгоҳ, тақвияти мавқеи пешсафии донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва табдил додани он ба маркази бонуфузи таълимию таҳқиқотии минтақаи Осиёи Марказӣ, рақамикунонии самтҳои фаъолият вобаста ба тамоюли рушди таҳсилоти олии ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор дар асоси амалисозии технологияҳои инноватсионӣ дар самтҳои фаъолияти донишгоҳ ва рушди ҳамкории мутақобилаи судманд бо субъектҳои бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси амалисозии низоми таҳсилоти дуалӣ мебошад.
Ҳамчунин дар доираи амалисозии “Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040” густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ ба зинаҳои гуногуни таҳсилотро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки амалишавии ҳадафу вазифаҳои алоҳидаи “Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040” рақамикунонии равандҳои таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои он, густариши робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» на танҳо барои донишгоҳ, балки ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низоми таҳсилоти олии мамлакат муфид хоҳад буд.
Стратегияи рушди Донишгоҳ ба самараноку оқилона истифода намудани захираҳои донишгоҳ заминаи асосӣ мегузорад. Дар баробари ин, амалишавии Стратегия зина ба зина ба беҳтаргардонии сифати таҳсилот дар Донишгоҳ ва омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки нақшаи амали “Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040” дар марҳилаи якум (солҳои 2024-2026) ҷиҳати иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон аз 14 то 15 декабри соли 2023 баён доштанд, аз тарафи гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардид ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






