ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. Бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимии пойтахт тавассути «eDonish» амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо баҳри гузариш ба таҳсили рақамӣ амалӣ гардида, барои гузариш ба низоми электронии таҳсил қадами муҳим ба шумор меравад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оид ба қабули хонандагон ба синфи як тавассути барномаи электронии “eDonish” баргузор карда шуд, ки дар он масъулини барномаи электронии «eDonish»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе давоми фаъолият ба муваффақияти назаррас ноил гардида, дар ин муддат дурустиашро исбот намуд. Барнома имконияти васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсили рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам сохтааст.
Дар ҳамоиш ба маъмурон ва масъулин тарзи кор бо низоми электронӣ, тартиби амалисозии он қадам ба қадам омӯзонида шуд.


Бояд гуфт, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 150 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тавассути ин барнома соли 2024 фаъолияти 10 ҳазору 456 омӯзгор, 250 ҳазору 31 хонанда назорат шуда, аз он 207 ҳазору 725 волидайн истифода намудаанд.
Бояд гуфт, ки барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Тавассути ин барнома волидайн метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.
Гузашта аз ин барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намуда, оид ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






