ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. Бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимии пойтахт тавассути «eDonish» амалӣ мешавад

Июль 31, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ  мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо баҳри гузариш ба таҳсили рақамӣ амалӣ гардида, барои гузариш ба низоми электронии таҳсил қадами муҳим ба шумор меравад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оид ба қабули хонандагон ба синфи як тавассути барномаи электронии “eDonish” баргузор карда шуд, ки дар он масъулини барномаи электронии «eDonish»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе давоми фаъолият ба муваффақияти назаррас ноил гардида, дар ин муддат дурустиашро исбот намуд. Барнома имконияти васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсили рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам сохтааст.

Дар ҳамоиш ба маъмурон ва масъулин тарзи кор бо низоми электронӣ, тартиби амалисозии он қадам ба қадам омӯзонида шуд.


Бояд гуфт, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 150 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тавассути ин барнома соли 2024 фаъолияти 10 ҳазору 456 омӯзгор, 250 ҳазору 31  хонанда назорат шуда, аз он 207 ҳазору 725 волидайн истифода намудаанд.

Бояд гуфт, ки барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Тавассути ин барнома волидайн метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Гузашта аз ин барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намуда, оид ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 31, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид