ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июл, шанбе, 195-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 13, 2024 08:00

13 июли соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

 23 сол қабл, 13 июли соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи вилоят дидан намуданд. Сарвари давлат ба  маҳсулоти корхонаҳои «Хуҷандзил», «Хуҷандатлас», «Зарбоф», «Кабоол-Тоҷиктекстайлз», «Қолинҳо», «Зиннат» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хусусан аз маҳсулоти корхонаи  «Хуҷандзил», ки дар як сол зиёда аз 500 автобус сохта ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш мебарорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти мамлакат дастур доданд, ки  бояд фармоиш ва хариди автомошинаҳои корхона дар дохили  мамлакат  низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.

***

13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

13 июли соли 2004  дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба вилояти Суғд Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони вилоят масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2004-ро баррасӣ намуда, дастоварду проблемаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғдро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати беҳтар намудани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

***

13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

***

12 сол пеш, 13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

***

13 июли соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи 13 июли соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли ин Созмон Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Соли 2022 бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи  мамлакат  дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 омӯзгори тоҷик, директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023».

13 ИЮЛ:

 Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Бақо Содиқ —соли 1941-коргардони синамои тоҷик ва узбек, дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Июль 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш