ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июл, панҷшанбе, 186-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 4, 2024 08:00

4 июли соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло  ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

***

4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

***

4 июли соли 2009 Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор иншооти ҷашнӣ, ки то солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор гиранд, дидан  намуданд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи панҷситорадори Ҳаёт- Душанбе бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.

***

4 июли соли 2013  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.

***

4 июли соли 2015  бахши англисии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад. Бахши нави англисии сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ ва русии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст, ки аз шакли қаблии худ бо тарҳ ва имконоти фаровони дастрасии осону фаврии хабарҳо фарқ мекунад.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода шуд.

***

Соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон  2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ намуданд.

***

4 июли соли 2022 дар асоси иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр — Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 декабр — Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун рӯзҳои ид муайян гардиданд.

4 ИЮЛ:

Рӯзи таъсисёбии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

Июль 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш