ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш дар 5457 гектар картошка кишт намудаанд
ЛАХШ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, сокинони ноҳияи Лахш ба ҳолати якуми имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, яъне дар заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасон дар майдони 5457 гектар картошка, дар 1359 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 21 гектар зироати техникӣ, дар 111 гектар сабзавот ва дар 1298 гектар зироати хӯроки чорво кишт намудаанд. Ҳоло заминҳои кишти картошка бо оби полезӣ пурра таъмин буда, нашъунамои картошка хуб мебошад. Кишоварзони ноҳия имрӯзҳо ба давраи сеюм ва чоруми ғизодиҳии картошка машғул мебашанд. Умед аст, ки кишоварзони ноҳия ҳосили фаровони картошка рӯёнида, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Дар шаш моҳи имсол аз ҷониби бонкҳои ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзии ноҳия 14 миллион сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки 5,6 миллион сомонии ин маблағ ба соҳаи картошкапарварӣ равона шудааст.
Тавре зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш сохтмони 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 45 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 79 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






