ТАВАҶҶУҲ! Аз 2 то 6 июл дар Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад

Июль 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 июл дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони оилиқадр  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан  маҳдудуд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ),  А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешаванд ва аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки  аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад