То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 165 иншооти соҳаи маориф сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 165 мактабу кӯдакистон ва иншооти гуногуни соҳаи маориф, иборат аз 1137 синфхона бо фарогирии 28 425 ҷойи нишаст ҷараён дошта, иншооти мазкур то рӯзҳои ҷашн марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Дар шаҳру навоҳии вилоят соли равон 32 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Соли равон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 169 адад расидааст. Дар вилоят 14 мактаб- интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2502 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд. Дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 213 маҳфили фаннӣ фаъолият мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






