То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 165 иншооти соҳаи маориф сохта мешавад

Июль 13, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон сохтмони 165  мактабу  кӯдакистон ва иншооти гуногуни соҳаи маориф, иборат аз 1137 синфхона бо фарогирии 28 425 ҷойи нишаст ҷараён дошта, иншооти мазкур  то рӯзҳои ҷашн марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Дар шаҳру навоҳии вилоят соли  равон  32 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.

Соли равон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 169 адад расидааст. Дар вилоят 14 мактаб- интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2502 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму  тарбия ҷалб карда шудаанд. Дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 213 маҳфили фаннӣ фаъолият мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд