Тоҷикистон бо аморати Рас-ал-Хайма дар таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳамкориро тақвият мебахшад

Июль 16, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари раиси департаменти аморати Рас-ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба савдо ва саноат Муҳаммад Ал-Мусаббеҳ Ал-Наимӣ ба Тоҷикистон бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Санадро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси департаменти аморати Рас-ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба савдо ва саноат Муҳаммад Ал-Мусаббеҳ Ал-Наимӣ имзо намуданд.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум, раванди таҳияи барномаҳои зеҳни сунъии аморати Рас-ал-Хайма дар асоси «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Қарор аст, ки содироти барномаҳои таъминоти тоҷикӣ дар асоси зеҳни сунъӣ ба Аморати Рас-ал-Хайма афзоиш дода шуда, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллии аморати Рас-ал-Хайма дар соҳаи зеҳни сунъӣ баланд бардошта шавад.

Тоҷикистон аввалин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии зеҳни сунъиро қабул намуд.

Ёддошти тафоҳум бо ташаббуси ҷониби аморати Рас- ал-Хайма, дар натиҷаи сармоягузории сохторҳои аморати Рас-ал-Хайма ба ҳалли хизматрасониҳои молиявӣ ва сервис дар асоси зеҳни сунъӣ аз Тоҷикистон ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум ҳамчунин пешбурди сармоягузории мустақим аз Рас-ал-Хайма ба бахши саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истихроҷи маъдан, истеҳсолот ва логистикаи нақлиётиро пешбинӣ менамояд. Ҳадафи ин ҳамкорӣ мусоидат ба содироти ҷаҳонии молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути бандари Рас-ал-Хайма мебошад.

Рас ал-Хайма яке аз ҳафт аморати Аморати Муттаҳидаи Араб буда, дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда бо афзоиши босуръати сайёҳӣ, истихроҷи маъдан ва саноату истеҳсолот мебошад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд