Тоҷикистону Бангладеш гардиши савдоро байни ҳам бамаротиб зиёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати бомаротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Тоҷикистону Бангладеш муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Узбекистон Муҳаммад Мунир-ул-Ислом вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла бо Бангладеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкории минбаъда табодули назар намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду давлат дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нассоҷӣ, корхонаҳои фармасевтӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ






