ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Дар Душанбе маркаҳои ҷашнӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии маркаҳои ҷашнӣ таҳти унвони «Тоҷикистону Чин: кишварҳои қадими Роҳи абрешим бо таъриху фарҳанги нодир» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Гуфта шуд, ки маркаҳои мазкур дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мадрумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки марка на танҳо як намуд тамғаи оддӣ, балки як асари миниатюрӣ ва як услуби нодири муаррифии таъриху фарҳанг аст. Онҳо аз ҷониби рассомони машҳури тоҷик бо тарҳҳои зебо ва чопи аъло таҳия карда шудаанд. Дар маркаҳои мазкур дӯстии ду давлат, фарҳанг ва тамаддуни ин ду мамлакат таҷассум гардидааст.
Тавре Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин иброз намуд, Чин ва Тоҷикистон дорои таърих ва фарҳангӣ бою ғанӣ ва манзараҳои зебои табиӣ мебошанд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо байни тоҷикону чиниҳо, ин ду миллати бостонӣ табодул дар роҳи Роҳи Абрешим идома дошт.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2013 Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-ро барои эҳёи роҳи бостонии Роҳи Абрешим манзур намуд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки ташаббуси бунёди «Камарбанд ва роҳ»-ро дастгирӣ намуда, дар он иштироки фаъолона дорад.
Чин ва Тоҷикистон дар раванди ҳамкорӣ барои эҳёи «Як камарбанд, як роҳ» пайваста эътимоди сиёсии мутақобиларо таҳким бахшида, ҳамкории амалиро амиқтар намуда, дар табодули фарҳангӣ ва омӯзиши мутақобилаи байни тамаддунҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Бояд гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи ояндаи муштарак якҷоя талош варзида, дар мубодила ва омӯзиши мутақобилаи байни тамаддунҳо намунаи дурахшон нишон медиҳанд.
«Дар як тамғаи кучак, дар ду сантиметри мураббаъ як ҷаҳон маънӣ ҷой дода мешавад, ки дар он рушди мамлакат, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва мероси фарҳангӣ инъикос ёфтааст. Мо бовар дорем, ки тамғаҳои имрӯз нашршуда дар остонаи сафари давлатии дар пеш истода ба сарзамини шумо дар раванди бунёди ҷомеаи Чину Тоҷикистон бо ояндаи муштарак ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳим нақши назаррас хоҳад гузошт», — афзуд Тсзи Шумин.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни шарикони байналмилалии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Робитаҳои байни халқҳо таърихи куҳан дошта, ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим маншаъ мегиранд ва тӯли беш аз се даҳсола ривоҷу равнақ ёфтаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


















«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд






