«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш сол мешавад, ки иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ — ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида мешавад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат баргузории иқдоми мазкур идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам дар ин мавзуъ суҳбат намуд.
Номбурда иброз дошт, ки мақсад аз баргузор намудани иқдоми мазкур ин арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудан аз фарҳанги бегона мебошад.
«Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ ин нишони эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанги хеш мебошад. Давлатҳое ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастему нақшу нигори миллӣ, тахаюли созандаю рангинамон дар либоси мо инъикос ёфтааст. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам нанг аст»,-гуфт Сабоҳат Рустам.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани иқдоми ҷумҳуриявӣ «Тоҷикона мепӯшем» ин ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад. Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либосӣ миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба воситаи ин гуна чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ мо метавонем либоси миллиамонро муаррифӣ намоем. Мушоҳидаҳо дар рафти баргузории ин гуна чорабиниҳо нишон медиҳад, ки аксари тарроҳон ва чеварон аллакай дарк намудаанд, ки дар замони имрӯз либосҳои миллиро бо кадом тарҳ бояд пешниҳод кард. Онҳо либосҳоеро пешниҳоди омма мегардонанд, ки воқеан ҳам бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба хусусиятҳои хоси либоси миллии мардуми тоҷик аст.
«Инчунин баргузор намудани суҳбату вохӯриҳои инфиродӣ бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» хуб ва дуруст ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи ин маъсулин вобаста ба арҷ гузоштан ба муқаддасотӣ миллӣ, ҳифз ва риоя намудани арзишҳои ниёгон, пешгирӣ намудани хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захира ва омода намудани хӯриш ва мураббо дар шароити хона корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша — чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои он дар минтақаҳои Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем», «Зан маҳзари покизагӣ» усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» ҷараён дорад. Дар доираи ин чорабиниҳо ба сокинон вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, дар як соати муайян партофтани партовҳо, сарфаю сариштакорона истифодаи қувваи барқ, ба роҳи дуруст монанди тарбияи фарзандон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии зуроварӣ дар оила, падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар намудани фарзандон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд






