«ТОЗАГИИ МАҲАЛ». Дар Душанбе иқдоми экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар роҳи Душанбе-Ҳисор, воқеъ дар мавзеи Маркази савдои «Балх» иқдоми экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, инчунин ташаббус аз иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҳамчун Соли маърифати экологӣ гузаронида шудааст.
Кормандони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо мақомоти зерсохтори он дар шаҳри Душанбе дар ин иқдом фаъолона иштирок карда, шафати роҳи Душанбе-Ҳисорро дар мавзеи Маркази савдои «Балх» тозаву озода намуданд.
Партовҳои ҷамъовардашуда тавассути техникаҳои сохторҳои коммуналӣ ба партовгоҳ бароварда шуда, ба воситаи техникаҳои махсуси обпошӣ роҳҳо шуста шуданд. Дар доираи баргузории иқдоми «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» ба масъулини нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии шафати роҳи мазкур ҷиҳати ба таври доимӣ тоза нигоҳ доштани инфрасохторҳо дастури мушаххас дода шуд, то дар риояи маданияти экологӣ ва тозагии атроф масъулият дарк намоянд. Дар ҳолати беэътиноӣ, яъне риоя накардани талаботи қонунҳои экологӣ ва дигарбора ба чунин камбудиҳо роҳ додан нисбат ба нафарони мавриди назар чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Чунин чорабиниҳои мақсаднок баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар роҳҳои ҳудуди пойтахт пайваста гузаронида мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






