Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024, ки аз 27 то 30 июн соли равон дар Ҷумҳурии Саха (Якутия)-и Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Чор нафари онҳо бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Ҳунармандони Сикри Тоҷикистон дар Фестивали байналхалқии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 бозиҳои ҷолиби сиркӣ (трюк), намоишҳои дақиқ ва зебоии ҳаракатҳоро нишон доданд.
Аз ҷониби аъзои ҳакамони фестивал Алмос Илёсов, Ануша Ҳусензода, Шаҳноза Ҷабборова ва Ёсуман Назарова бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд.
Дар Фестивал аз 15 давлати дунё 50 нафар ҳунарманд, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус, Чин, Ветнам, Муғулистон ва аз Федератсияи Русия — сиркбозони шаҳрҳои Москва, Перм, вилояти Курган, Бурятия, Якутия иштирок намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






