Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид

Июль 22, 2024 17:47

ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сохторҳои минтақавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар он беш аз 579 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар чорабиниҳо кормандони намояндагиҳо бо намояндагӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомот дар пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро матраҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 787 муроҷиати шахсони воқеӣ сабт шудааст. Ҳамзамон дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 581 муроҷиат сабт шудааст, ки 67 муроҷиати онро муроҷиатҳои тариқи хаттӣ ва 514 адади онро шифоҳӣ ташкил медиҳад.

Умед Бобозода изҳор дошт, ки бо мақсади мусоидат ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии Ваколатдор лоиҳаи 36 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намудаанд.

Таъкид гардид, ки аз 787 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридшуда 33 адад ба таври мусбат ҳал гардидааст.

Ҳамзамон иброз шуд, ки 67 муроҷиати хаттие, ки ба мақомот ворид шудаанд, бештар ба ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озод будан аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтан, алимент, таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба замин ва ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ рабт доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд