Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»

Июль 26, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд, ки аз онҳо 5418 нафар аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маориф боқӣ монда, дар нимсолаи аввали соли 2024 норасоии 2670 нафар омӯзгор ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфти вазири маориф ва илм, ҷиҳати расидагӣ ба ин масъала дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2170 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуданд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шуданд.

Тавре масъулин гуфтанд, тибқи дархости раëсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиëҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ 4301 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 46 нафар кам мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

 

Июль 26, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!