ВКХ ҶТ: «Хабарҳои бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсис додани пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон асос надоранд»
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳои бархе аз расонаҳоро дар бораи гӯё таъсис додани пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон беасос номид.
Тавре дар вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷикистон ва Чин шарикони самимии стратегӣ буда, ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо босуръат рушд мекунанд.
Душанбе ва Пекин дар масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин замина Тоҷикистон ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Чин дар масъалаҳои табодули таҷриба, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими иқтидори идораҳои дахлдор барои саривақт ошкор ва рафъи таҳдиду хатарҳо нигаронида шудааст.
«Мо инчунин ният дорем, ки ҳамкориро бо Пекин дар мубориза бар зидди неруҳои «се бадӣ», ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ тақвият бахшем.
Бояд таъкид намуд, ки байни ду кишвар механизмҳои зарурӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба омодакунӣ ва такмили кадрҳо барои мақомоти сарҳадӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шудаанд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсис додани пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд. Ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт.
АКС аз бойгонӣ








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






