126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 126 довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Довталабони озмун давоми 10 рӯз аз рӯйи 6 номинатсия дар гурӯҳҳои алоҳида донишу маҳорати худро дар доираи адабиёти мутолиакарда тибқи рӯйхати тавсиягардида пешкаш ва бо ҳам сабқат намуданд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода иброз дошт, ки дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани ҷамъомади тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» нишони арҷгузорӣ ба рамзи давлатдории миллати соҳибкитоб ва тамаддунсози тоҷик арзёбӣ гардида, дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 марти 2024 эълон гашта, даври шаҳрии он дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 марти соли 2024 аз 15 то 24 август дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар даври шаҳрии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм, калонсолон ва намояндагони гуногункасб бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ иштирок намуданд.
Ба донишу маҳорати довталабон ҳайати ҳакамони босалоҳият, ки тибқи қарори дахлдори Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарасти соҳа тасдиқ гардидааст, баҳо гузошта, ғолибони даври сеюмро муқаррар намуданд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ғолибони ҷойи якум аз рӯйи ҳар номинатсия бо маблағи пулӣ — 20 ҳазор сомонӣ, Диплом, ҷойи дуюм- 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва ҷойи сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон аъзои ҳакамон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд






