35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шуд

Август 4, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шуд, ки дар натиҷа қариб 200 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ ва 8 гектар замини наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ таъмин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки саргаҳи об деҳаи Махшеват буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба масофаи 8,5 километр тавассути қубурҳои полиэтиленӣ об оварда шуд. Соҳибкорону сокинон нақша доранд, ки дар оянда майдони варзишӣ бунёд намоянд, роҳҳои дохили маҳалларо обод созанд ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

Ҳамчунин дар деҳаи Ҳайронбеди деҳоти Фондарё корҳои ободонӣ, аз ҷумла чароғонкунии кӯчаҳо бо истифода аз лампаҳои замонавӣ, ки манбаи равшаниаш аз нури Офтоб аст, идома дошта, дар шафати роҳҳои деҳа дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайронбед бо сокинон вохӯрӣ намуда, дар ин деҳа ба бунёди ҳавзи шиноварӣ санги асос гузошт.

Зимни муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки майдони умумии зери сохтмони ҳавзи шиноварӣ 160 метри мураббаъ буда, дарозии ҳавз 22 ва паҳноияш 8 метрро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа ин иншоот аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он ҳавзи шиноварӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос ва утоқҳои кории маъмурият ҷой дода шудаанд. Барои амалӣ шудани корҳои сохтмонӣ 500 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар деҳа майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорону сокинон бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ сохта мешаванд.

Инчунин бинои нави беморхонаи минтақавии №6-и деҳоти Фондарё дар аоси талаботу меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 4, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд