35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 158 иншоот сохта мешавад

Август 7, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ба истифода додани 129 адад ва илова бо биноҳои иловагӣ 158 иншоот пешбинӣ гардида, то ин муддат 99 бинои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар маҷмуъ 63 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин хусус 6 август зимни нишасти матбуотӣ дар ин ноҳия иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, дар шашмоҳаи аввали имсол ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия 1 миллиарду 27 миллион сомонӣ ё ин ки 102,1 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 7,7 фоиз ва соҳаи саноат 5,7 фоиз рост меояд.

Дар ин давра ҳамагӣ 6746 ҷойи кори нав, аз ҷумла 1740 ҷойи кори мавсимӣ ва 5006 ҷойи кори муваққатӣ таъсис дода шуд, ки 79,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали имсол ба 67,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. То ин муддат 5 корхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар нишасти матбуотӣ дар самти кишоварзӣ изҳор гардид, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар 17776 гектар зироати кишоварзӣ кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 410 гектар зиёд мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 7, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»