35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 30 майдончаи варзишӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби истироҳату фароғат ва машғул шудан ба варзиш дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 30 майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, иншооти таъйиноташон гуногун сохта мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо масъулин ва сокинон таъкид намуд, ки ба масъалаи риояи фарҳанги шаҳрдорӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, ташрифи сайёҳону меҳмонон ба он сол то сол бештар мегардад. Аз ин хотир, тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва риояи фарҳанги баланди шаҳрдорӣ аз ҳар нафар масъулияти баланд талаб мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






