35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатрҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду кинотеатр- «Ситора» ва «Орлёнок», дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор» тибқи талаботи замон бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, ки барои намоиши филмҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ дода шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бунёди кинотолорҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намунаи ибрат мебошад. Хуб мешуд дар ҳар шаҳру ноҳия ба бунёду навсозии кинотеатрҳо иқдом карда шавад.
Ҳамзамон Қасри фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳӣ таъмин гардида, барои баргузории фестивалҳо ва намоиши филмҳо пурра омода мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






