40 фоизи чарогоҳҳо аз ҳисоби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудӣ қарор доранд

Август 5, 2024 11:38

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар ҷумҳурӣ 40 фоизи чарогоҳҳо аз ҳисоби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудӣ қарор доранд. Инҳо  чарогоҳҳои назди деҳаҳо мебошанд, ки истифодабарандагони он сокинон ҳастанд. Дар ин хусус сардори Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» Сафаралӣ Назаров дар нишасти матбуотии  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафаралӣ Назаров дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳолати чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ беҳтар карда мешавад. Аз ҷониби шарикони рушд барои 5 соли минбаъда 24 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.  Инчунин аз буҷети мамлакат ҳолати 2 ҳазор гектар чарогоҳ беҳтар карда мешавад.

Ба гуфти мутахассисон, омили асосии вайроншавии ҳолати табиӣ дар замини чарогоҳҳо- ин аз меъёри муқарраргардидаи талабот зиёд будани саршумори чорво мебошад, ки боиси поймолшавии растаниҳои чарогоҳӣ мегардад.

Аз ҷиҳати дигар — ин  таъсири манфии тағйирёбии иқлим, надоштани хоҷагиҳои махсуси парвариши тухми алафҳои чарогоҳӣ барои хӯроки чорво, набудани нигоҳубини чарогоҳҳо, истифода набурдани нуриҳои органикӣ ва минералӣ, риоя нашудани мавсими истифодаи онҳо, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар як мавзеъ ва ҳолати на он қадар хуби роҳу пулҳо мебошад.

Мутахассисони соҳа бар ин назар ҳастанд, ки майдонҳои калон ва талу теппаҳои атрофи деҳаҳо аз чарондани ҳаррӯзаи чорво ба чарогоҳҳои камҳосил мубаддал гардида, дар онҳо миқдори зиёди рустаниҳои ғайриистеъмолӣ афзоиш меёбад.  Мувофиқи тавсияи илмӣ, давоми сол дар як гектар бояд 1 сар чорвои шартӣ  ва ё 5 сар моли майда бичарад.

Ба гуфтаи олимону мутахассисони соҳа, чорводорон бояд тарзи истифодаи босамари чарогоҳҳоро омӯзанд ва барои нигоҳдошти минбаъдаи он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли 2023 63 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ зиёда аз 500 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо фаъолият мекунанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар  Тоҷикистон 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки аксаран дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷойгир мебошанд.  Айни замон дар мамлакат  «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегардад.

Чарогоҳ манбаи асосии таъминоти чорво бо хӯрок аст. Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қароқулӣ, тибит (пух) ва ғайра таъмин менамояд. Чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ баъди растанипарварӣ дар ҷои дуюм меистад. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад.

Сафаралӣ Назаров иброз намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои танзими истифодаи чарогоҳҳо таъсис  шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июли имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 705,7 ҳазор сар чорвои калон ва   7 миллиону 089,7 ҳазор сар гӯсфанду буз парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 саршумори чорвои калон 100,1 ҳазор сар ё 103,8 фоиз ва гӯсфанду буз 479,6 ҳазор сар ё 107,3 фоиз зиёд гардидааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2024 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд