Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардид.
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 9 август зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба буҷети давлатӣ 21,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.
Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,8 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 546,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон имсол воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук дар сатҳи 106,5 фоизи нақша таъмин карда шуда, ба буҷет 4,6 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Таъкид шуд, ки барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 280,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






