Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардид

Август 9, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати  молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардид.

Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 9 август зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори  оммаи ватанӣ ва хориҷӣ изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба  буҷети давлатӣ 21,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,8 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 546,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон имсол воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук дар сатҳи 106,5 фоизи нақша таъмин карда шуда, ба буҷет 4,6 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Таъкид шуд, ки барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 280,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2025» доир мегардад
Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
«THE INVESTOR 2025». Ин маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ оид ба Тоҷикистон шумораи махсус чоп намуд
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
Кишоварзон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузарониданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад