«ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон вохӯриҳо доир шуданд

Август 11, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 11.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон (12 август) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон байни ҷавонони гуногункасб силсилачорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахшу Хуросон, Кушониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар ноҳияҳо бо афсарону сарбозон, наврасону ҷавонон ва дигар ҷишрҳои ҷомеа вохӯриҳо доир мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он дар вилояти Хатлон байни сарбозону афсарон таҳти унвони «Хизмати ҳарбӣ-рисолати ҷавонмардист» вохӯрии судманд доир гардид. Дар анҷоми он ба хизматчиёни ҳарбӣ Сипосномаи Кумита тақдим карда шуд.

Инчунин дар ноҳияи Кушониён дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ мулоқоту суҳбатҳо доир шуданд.

Зимни вохӯриҳо иброз гардид, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.

Дар вохӯрӣ  аз ҷониби  гурӯҳи корӣ ба масъалаи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Ҳамзамон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш байни сарбозону афсарон таҳти унвони «Хизмати ҳарбӣ — рисолати ҷавонмардист» вохӯрии судманд доир гардид

Зимни вохӯрии ҳайати корӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонмардони далер, ки дар марзу буми Ватан хизмат менамоянд, иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди баномус ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад