Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
СУҒД, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави хониш ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимони ноҳияи Айнӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш туҳфа намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Роҳбарияти вилоят ба 80 нафар ятим ва эҳтиёҷманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси ягонаи мактабӣ, ҷузвдон ва дигар ашёи хониш тақдим намуда, аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ва ятимону ниёзмандон ёдовар шуданд.
Ҳамзамон барои хонандагон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия дастурхони идона ороста шуд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ 68 муассисаи таълимӣ фаъолияти босамар дошта, дар онҳо қариб 19 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






