«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар мувофиқа бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Ҳадафи қабули Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст ва он дар рушди авиатсияи граждании мамлакат чӣ саҳм мегузорад?
Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода гуфт, ки «ҳадафи «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






