Бонки миллии Тоҷикистон: Сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор гирифт

Август 8, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи таваррум имсол дар Тоҷикистон 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин хусус 7 август Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ- 1,3 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ- 1,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ- 4,0 фоиз ба амал омад. Таварруми солона дар моҳи июни имсол дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) қарор дошта, 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Фирдавс Толибзода афзуд, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 3,0 миллиард сомонӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 982,7 миллион сомониро ташкил менамоянд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра тадриҷан 0,75 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 9,25 фоизи солона муқаррар гардид.

Дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд