Бонки миллии Тоҷикистон: Сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор гирифт

Август 8, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи таваррум имсол дар Тоҷикистон 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин хусус 7 август Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ- 1,3 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ- 1,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ- 4,0 фоиз ба амал омад. Таварруми солона дар моҳи июни имсол дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) қарор дошта, 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Фирдавс Толибзода афзуд, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 3,0 миллиард сомонӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 982,7 миллион сомониро ташкил менамоянд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра тадриҷан 0,75 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 9,25 фоизи солона муқаррар гардид.

Дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» вазъи низоми бонкӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1229 то 0.1265 сомонӣ муқаррар шудааст
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст