Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо олимони ҷавони академия вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравию муваффақият пешбинӣ мешавад, моро мебояд онро сармашқи кор намуда, барои муваффақ шудан кӯшиш ба харҷ диҳем. Иқдоми навбатии Пешвои миллат- эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии мардуми Тоҷикистон равона буда, дар ин раванд кор кардан ва дар ин самт муваффақ шудан барои мо муҳим аст.
Олимони ҷавон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иштирок дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар сатҳи баланд, ҳифзи арзишҳои миллӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тарғиби илму фарҳангу таърихи куҳани хеш байни халқ ва берун аз он, муваффақ ва ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ даъват шуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои мубраму саривақтӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






